Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот конференсияи илмӣ – амалӣ зери унвони “Истиқлолият ва рушду густариши “Шашмақом” дар кишвар” бахшида ба Рӯзи Шашмақом баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Вазорати фарҳанг, санъатшиносон, ходимони илмӣ, ҳунармандони саршиноси кишвар ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.
Конфронс бо сухани ифтитоҳии директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ, Дилшод Раҳимӣ шурӯъ гардид. Гуфта шуд, ки шашмақом шоҳкории фарҳанги мусиқии ҷаҳонӣ буда, ба туфайли Истиқлолият ва ваҳдату ягонагии сокинони кишвар дар тамоми минтақаҳои мамлакати азизамон нисбати ин шоҳкории бузург арҷгузорӣ карда мешавад. Дар идома Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Ҳаётой Мӯъминова доир ба “Рушди санъати миллии “Шашмақом” дар даврони истиқлол” суханронӣ намуда, арз кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ шашмақомсароёни кишвар дар чандин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, муаррифгари санъати мусиқии волои тоҷик гардидаанд.
“Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Озода Ашӯрова аз шумори шашмақомсароёни беҳтарини кишвар аст. Ӯро самари замони истиқлолият меҳисобанд. Озода ашӯрова дар иддаи зиёди озмунҳои байналмиллаӣ, аз ҷумла дар фестивали эҷодии таронаҳои Шарқ мақоми дуввумро соҳиб гардидааст. Озода санъати суннатии моро дар дигар кишварҳои дунё муаррифӣ кардааст. Ҳамчунин Ҷамшед Эргашев, Ситораи Кароматулло, Насиба Омонбоева, Фирдавс Неъматов аз миёни шашмақомсароёни Тоҷикистони соҳибистиқлол нуфузи санъатамонро дар ҷашнвораву симпозиумҳо бо таронаҳои ноби классикӣ баланд мебардоранд.” – зикр кард Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Ҳаётой Мӯъминова.
Инчунин дар мавзӯи “Вижагиҳои ҳунари Шашмақомсароӣ дар шаҳри Панҷакент” ходими пешбари шӯъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ, Билолиддин Раҳимов суханронӣ карда, гуфт, ки дар рушди мусиқии классикии тоҷик ҳунармандони шаҳри Панҷакент нақши бориз доранд. Мавсуф дар идома аз чанд тан шашмақомсароёни шаҳри Панҷакент ёдовар гардид.
Дар бахши панҷуми конфронс мубодилаи афкор сурат гирифт. Бахусус аз ҷониби номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ се пешниҳоди қобили таваҷҷуҳ аз ҷумла мусоидат дар ташкили фестивали байналимиллалии “Шашмақом”, таъсис додани сомонаи “Шашмақом” дар канали ЮТУБ бо забонҳои байналмиллалӣ ва ташкили шоми “Шашмақом” дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, новобаста ба мансубият ба касбу кор, барои ҷалби бештари ҷавонон ба мусиқии классикӣ ироа гардида, аз ҷониби иштирокдорони конфронс дастгирӣ ёфт. Гуфта шуд, ки пешниҳодҳои мазкур дар шакли баёния ба Вазорати фарҳанг ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирӣ фиристода мешаванд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”