Дирӯз бо ибтикори Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар кинотеатри Зебунисо маҳфили эҷодӣ ва намоиши филми мустанади “Ман” доир ба ҳаёту фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳошим Гадо баргузор гардид.
Филми мустанади “Ман” дар коргардонии Ҳамро Розиқов омода гардида, тамоми паҳлӯҳои ҳаётии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳошим Гадоро дар бар мегирад. Тавре раиси Иттифоқи синамогарони кишвар Сафар Ҳақдодов пеш аз намоиши филм дар суҳбат бо намояндагони ВАО гуфт, эҷоди филми мустанади “Ман” ҷиҳати бузургдошти ҳунари воло ва ба мухлисону ҳаводорони синамову театри тоҷик нишон додани ҳаёти пасипардагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳошим Гадо мебошад.
Муовини Вазири фарҳанг Давлат Сафар низ дар маҳфили эҷодӣ иштирок дошт ва гуфт, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳошим Гадо дар баробари нақшҳои барҷаставу таърихӣ бозидан, инчунин садҳо китоб офаридааст, ки шоистаи таҳсин мебошад.
“Устод китобҳои зиёде, ки нашр кардаанд, ҳар сухану ҳар андешаашон аз дигар нависандагону эҷодкорон аз замин то осмон фарқ мекунад. Барои андешаи Ҳошим Гадоро дарк кардан, ҳатман бояд китобҳои устодро варақ занем.” – мегӯяд муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Давлат Сафар.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир аз нотакрории ҳунари актёрии Ҳошим Гадо ёдовар шуда, зикр кард, ки санъати ҳунарии Ҳошим Гадоро ҷаҳониён эътироф кардаанд. Мавсуф дар идома баён дошт, ки “устод Бозор Собир аз Амрико омаданд ва гуфтанд, ки “Ман “Ҳамлет” – ро дар он ҷо тамошо кардам, ба ман маъқул нашуд. Ҳошим Гадои мо Ҳамлет буд.””.
Бояд тазаккур дод, ки тамошобинон аз филми мустанади “Ман” пазироии хуб намуда, ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳошим Гадо ва кори коргардон аҳсант хонданд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳошим Гадо дар фарҷоми намоиш ва маҳфили эҷодӣ аз ташрифи ҳаводорони ҳунараш изҳори хушнудӣ намуда, чунин гуфт:
“Ҳошим Гадоро дар кино бинед, дар саҳна бинед, дар китобҳояш варақ занед! То нафаси охирин, агар дар баданам ягон заррае имконият бошад, барои халқи тоҷик, барои номи тоҷикро дар ҷаҳон бардоштан ҷонамро фидо мекунам!”
Бояд гуфт, ки Ҳошим Гадо то ба имрӯз бо унвонҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Дорандаи ситораи Президенти Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии СССР, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ ва мукофоти давлатии СССР мушарраф гардида, ҳамзамон доктори фахрии ДСРТ ва професор мебошад.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон“