Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ аз дарёфти ҷасади ду наврас дар қаламрави кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, як сокини 19-солаи ҷамоати Обшорони ноҳияи Масчо бинобар натавонистани шиноварӣ дар оби канал ғарқ шудааст.
“Имдодгарони Раёсати Кумита сари вақт ба ҷойи ҳодиса расида, корҳои ҷустуҷӯиро ба роҳ мондаанд. Ҷасади ғарқшударо дар мавзеъи ҷамоати шаҳраки Бӯстон, минтақаи насоси обкашии №1 пайдо ва дар ҳузури шоҳидон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, – афзудааст КҲФ.
Дар ҳамин ҳол шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Кӯлоб аз пайдо шудани ҷасади писарбачаи 12-сола хабар дод.
Дар гузориш гуфта шудааст, ки аҳолӣ рӯзи 7-уми майи соли 2022 тахминан соати 05:20 дақиқа ҷасади писаракро аз деҳаи Некманзари ҷамоати деҳоти Хуросони ноҳия пайдо кардаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, ин писарбача рӯзи 30-уми апрели соли равон дар канали ЛР 18-и деҳаи Сайф Раҳими ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Фархор ба сабабҳои номаълум ғарқ шуда буд.