Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА, ки аз 3 то 8 май дар Скопйеи Македонияи Шимолӣ баргузор гардид, тавонист бо касби панҷ имтиёз ҷойи дуюмро касб намояд.
Дар ин мусобиқа наврасони Тоҷикистон зери роҳбарии Зайниддин Раҳимов се бозӣ анҷом доданд. Онҳо тавонистанд, ки мунтахаби Гондурасро бо натиҷаи (3:1) шикаст дода, аз тимҳои Македонияи Шимолӣ (вақти асосӣ – 3:3, дар зарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ – 4:5) ва Косово (вақти асосӣ – 0:0, аз рӯи (пеналтӣ) – 3:4) мағлуб шуданд.
Дар натиҷа мунтахаби наврасони Косово бо касби шаш имтиёз ғолиби мусобиқа дониста шуд. Ҷойи дуюм бо касби панҷ имтиёз насиби мунтахаби Тоҷикистон (U-16) ва зинаи сеюми ифтихорӣ бо ба даст овардани чор имтиёз насиби мунтахаби Македонияи Шимолӣ гардид.
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”