Дар Суғд рӯзҳои 17 ва 18 июни соли равон Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» баргузор мегардад.
Тавре аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, қарор аст дар ярмарка ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонанд.
Ҳамзамон дар доираи ин чорабинӣ гузаронидани Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ низ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки ин ярмарка бо ибтикори мақомоти вилоят бори ҳаштум сурат мегирад.
Ҳадаф аз баргузории ярмаркаи мазкур баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ гуфта мешавад.