«Истиқлол» қаҳрамони Суперҷоми Тоҷикистон дар соли 2022 гардид

Дар доираи рақобати даври ниҳоии Суперҷоми Тоҷикистон, ки рӯзи 8-уми май дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор гардид, дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд рақобат намуданд.

Дидори дастаҳо бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи шогирдони Левченко Виталий ба поён расид.

Голи ягона ва ғалабаоварро дар дақиқаи 84-уми Рустам Соиров ба самар расонида, ғалабаи «Истиқлол»-ро таъмин намуд.

Ҳамин тариқ, дастаи «Истиқлол» маротибаи 11-ум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.

Сорбон Амонуллозода,

Радиои “Тоҷикистон”