Варзишгари тоҷик дар Чемпионати миллии самбои ИМА медали тилло ба даст овард

Разавӣ Навбаҳоров, куштигири тоҷик дар мусобиқаи озоди “Чемпионати миллии самбои ИМА” дар риштаи самбои размӣ дар вазни 79 кг сазовори медали тилло гардид. Дар ин бора аз Федератсияи самбои Тоҷикистон хабар доданд.

Ин дуюмин дастоварди Разавӣ дар соли равон буда, моҳи феврали имсол дар Ҷоми Аврупо дар Минск қувваозмоӣ намуда, соҳиби медали нуқра гардид.

Қабл аз ин соли 2019 дар Чемпионати самбои Осиё дар вазни то 70 кг сазовори медали нуқра шуд.