Вазорати мудофиа: Нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ 70% иҷро шуд

Нақшаи даъват ба хидмати ҳарбии ҳатмӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар давоми як моҳ 70% иҷро шуд. Дар ин бора аз Вазорати мудифиаи кишвар хабар доданд.

Ба гузориши манбаъ, бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ, дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

Вазорат мегӯяд, ин аллакай чорумин даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аст, ки ин вилоят иҷрои нақшаро дар мамлакат пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ, ба итмом мерасонад.

Зикр мегардад, ки то ин дам 25 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷрои нақшаи ба онҳо пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Дар баробари дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, чаҳор навоҳии пойтахт низ нақшаи пешбинишударо вобаста ба гусели сарбозони ояндаи Ватан дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расониданд.

Таъкид мешавад, ки ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъватро беш аз 70% иҷро карда, дар ин муддат ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикободу Лахш аз иҷроӣ шудани нақшаи даъвати баҳорӣ гузориш доданд.

Манбаъ афзуд, омори иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 70% ва дар вилояти Суғд – 55%-ро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” тағйирот ворид гардид, ки мувофиқи он хидмати пулакии ҳарбӣ низ роҳандозӣ шуд. То кунун зиёда аз 450 ҷавон бо супоридани пул хидмати якмоҳаи ҳарбиро адо намуданд.