Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) 3-юми май бозии якумашро дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе бо тими наврасони Македонияи Шимолӣ анҷом дод. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 3:3 анҷом ёфт.
Дар ҳайати мунтахаби мо Билол Бобоев муаллифи дубл шуда, Масрур Ғафуров ба номаш як голро сабт намуд.
Тибқи низомномаи мусобиқа дар сурати мусовӣ ғолиб аз рӯйи зарбаҳои пеналтӣ муайян карда мешавад. Дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бахт ба рӯйи Македонияи Шимолӣ хандид – 5:4.
Дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе мунтахаби Тоҷикистон (U-16) рӯзи 5 май бо дастаи Ҳондурас вомехӯрад. Бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.