Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 3 ва 4 май дар чанд ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд эҳтимоли омадани сел мавҷуд аст.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо худдорӣ намоянд ва ба сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.
Ин ниҳод бар ин назар аст, ки дар ин ин рӯзҳо ба ғайр аз омадани сел, инчунин, хатари боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо, лағзиши тармаву резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст
-Боронҳои пуршиддат бо раъду барқ метавонанд таҳдидҳои дигар низ дар пай дошта бошанд, – гуфтааст КҲФ.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ даъват кардааст, ки дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор нараванд.
Ин ниҳод аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки “қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу партовҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлӣ ва киштзорон накунад”.