Натиҷаи бозиҳои даври навбатии Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ аз сӯйи Кумитаи олимпии миллии кишвар эълон кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии кумита, дар даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дастаи Клуби марказии варзишии артиш – КВМА ба аввалин бохт рӯбарӯ гардида, “Равшан”-и Зафаробод бошад, аввалин пирӯзиашро ҷашн гирифт.
КМВА дар майдони худ аз тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Як голи тими мизбонро Шарафҷон Солеҳов ва аз дастаи Кӯлоб Коуассӣ Инносент ва Абдухалил Боронов ду гол ба самар расониданд.
“Равшан”-и Зафаробод бошад, бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳисобро футболбози “Истарвшан” Мбеке Сиябатчу Деудони кушод.
Бозигари зафарободӣ Бахтиёр Зарипов ду гол зада, аввалин пирӯзии “Равшан”-и Зафарободро дар лигаи олӣ таъмин кард.
Дар бозии дигар “Регар-ТадАЗ” дар бозии хонагӣ тими “Эсхата”-ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Голҳоро дар ҳайати тими ғолиб Дилшод Бозоров, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Алиҷони Айнӣ заданд.
Дастаи “Хатлон”-и Бохтар дар ин давр бо “Хуҷанд” мусовӣ бозӣ кард, вале пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт.
Манбаъ афзуд, дар даври шашум, 7-уми май “Эсхата” бо “Равшан” (З), “Файзканд” бо “Регар-ТадАЗ”, 9-уми май “Истаравшан” бо КМВА, 12-уми май “Хуҷанд” бо “Равшан” (К) ва “Хатлон” бо “Истиқлол” вомехӯранд.
Инчунин, 8-уми май миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2022 доир мегардад.