Гурӯҳи раққосони Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар Фестивали байналмилалии «Рақси лазгӣ» миёни 30 давлати дунё мақоми дувумро ба даст оварданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур аз 25 то 30 апрел дар шаҳри Хеваи Ӯзбекистон сурат гирифт.
Гуфта мешавад, дар ин ҳамоиш Тоҷикистонро 13 тан раққоси тоҷик зери роҳбарии Ҳунармандии халқии ИҶШС Зебо Аминзода ва мудири Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ Бахтовар Раҳмонзода муаррифӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки Фестивали байналмилалии «Рақси лазгӣ» дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.
Ин фестивал бо ҳадафи ҳифз ва рушди анъанаҳои қадимии санъати «Рақси хоразмии лазгӣ», мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ ва бародарӣ миёни халқҳо тавассути санъати рақс, минбаъд васеъ намудани доираи ҳамкории эҷодӣ ва робитаҳои фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ доир мегардад.