Миёни донишгоҳҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти такмили ихтисоси табибон ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд. Ин ва дигар масъалаҳои муҳими тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар зимни мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Донишгоҳи тиббии Шаҳид Биҳиштии Теҳрон доктор Алиризо Золӣ баррасӣ гардид. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар истинод ба сомонаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар медиҳад.
Дар мулоқот инчунин ҳайати раёсати донишгоҳи мазкур ширкат варзиданд.
Ҷонибҳо роҳандозии ҳамкориҳо байни донишгоҳҳои тиббии ду кишвар барои баргузории давраҳои омӯзишӣ, анҷоми лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва тарбияи кадрҳои соҳаи тиббӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.