Бо ташаббуси Осорхонаи миллии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ИККРОМ) гардид.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иброз дошт, шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИККРОМ имкон медиҳад, ки мутахассисони ҷавони соҳаи осорхонашиносӣ, аз ҷумла тармимгарону таҳкимгарон, бостоншиносон, дизайнерон ва дигар бахшҳои ин соҳа дар курсҳои кӯтоҳмуддати он иштирок намуда, донишу таҷрибаи тахассусии хешро мукаммал гардонанд.
Маркази мазкур дар натиҷаи пешниҳоди Конфронси генералии ЮНЕСКО дар Деҳлӣ соли 1956 ба вуҷуд омада буд. Пас аз се сол Марказ дар Италия таъсис ёфт, ки то имрӯз қароргоҳаш дар онҷо ҷойгир аст. Самти аввалиндараҷаи фаъолияти ИККРОМ — ин омӯзиш, таҳқиқ ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ буда, оид ба ин масоил ҳамасола зиёда аз 20 курси омӯзишӣ баргузор намуда, ҳамаи хароҷотро аз ҳисоби худ пардохт менамояд. Инчунин марказ дорои калонтарин китобхонаи электронии соҳаи осорхонашиносӣ буда, ҳамаи донишҷӯёну мутахассисон ва олимони соҳаи мазкур метавонанд аз он пурра истифода намоянд. То имрӯз 137 кишвари олам аъзои ИККРОМ гардидаанд.
Ин дастоварди беназири соҳаи осорхонашиносии мамлакат аз сиёсати фарҳангпарварона ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, маҳз дастгириҳои пайвастаи он кас имкон дод, ки Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ИККРОМ) гардад.
Бояд гуфт, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2021 ба Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM) аъзо гардид.