Мақомоти шаҳри Душанбе зимни муроҷиат ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хабар додааст, ки аз ин ба баъд мардум арзу шикоят ва мушкили худро ба кормандони шаҳрдорӣ бо суроғаи хиёбини Рӯдакӣ 40 (бинои собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон) расонида метавонанд.
Қаблан шаҳрдории Душанбе дар собиқ бинои Қасри Президент бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 80 ҷойгир буд. Аммо пас аз қарори тахриби бинои собиқи Ҳукумати кишвар қисме аз кормандони он ба бинои имрӯзаи шаҳрдорӣ интиқол дода шуданд. Ҳамкнун тамоми кормандони шаҳрдорӣ ба бинои собиқи МТС гузаштанд ва шаҳрвандонро ҳам дар онҷо қабул мекунанд.
Бояд гуфт, ки пештар аз ин дар бинои имрӯзаи шаҳрдорӣ МТС ва АМИТ «Ховар» қарор дошт.