ҒОЛИБОНИ НИММАРАФОНИ ХII БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ-2022 МУАЙЯН ГАРДИД

16-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ХII Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор гардид. Бо мақсади дар сатҳи баланд доир гардиданӣ ин чорабинии варзишӣ бо қарори шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби Фонди рушди пойтахт 611 530 сомонӣ ҷудо гардид.

Ниммарафони байналмилалии Душанбе рӯзи 16-уми апрел соати 09:00 оғоз гардид. Дар ин чорабинӣ варзишгарон аз кишварҳои Ҳабашистон, Кения, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина ва дигар кишварҳо ҳунарнамоӣ карданд.

Ниммарафони байналмилалӣ, ки 21 километру 97, 5 метрро ташкил медод, аз майдони назди Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт шуруъ шуда, нуқтаи ниҳоии он майдони “Дӯстӣ”-и назди муҷассамаи шоҳ Исмоли Сомонӣ гардид.

Ҳамин тариқ, пас аз тай намудани масофаи зикргардида, ғолибони Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе муайян гардиданд.

Миёни мардҳо:
Ҷойи 1-ум – Тоо Лазанес (Кения)
Ҷойи 2-юм – Фенте Ҷирма (Эфиопия)
Ҷойи 3-юм – Виталий Шафар (Украина)
Ҷойи 4-ум – Кемшибеков Нурсултан (Қирғизистон)
Ҷойи 5-ум – Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)
Ҷойи 6-ум – Меҳроб Одинаев (Тоҷикистон)

Миёни занҳо:
Ҷойи 1-ум – Течу Бекелу Абебе (Эфиопия)
Ҷойи 2-юм – Нҷау Мэри Вангуи (Кения)
Ҷойи 3-юм – Гулшанай Сафарова (Қирғизистон)
Ҷойи 4-ум – Екатерина Тунгушкова (Ӯзбекистон)
Ҷойи 5-ум – Раҷабмоҳ Абдуллоева (Тоҷикистон)
Ҷойи 6-ум – Зулҳиҷҷа Ғаффорзода (Тоҷикистон)

Сорбон Амонуллозода

радиои “Тоҷикистон”