17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар мавзеи Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ оғоз бахшиданд.Маросими ифтитоҳи коргоҳи мазкур тариқи онлайн сурат гирифт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ва Раиси Раёсати ширкати “ТВЕА” Чжан Син дар шаҳри Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври рамзӣ тугмаи ба кор андохтани коргоҳи холисгардонии тиллоро пахш намуда, тавассути монитор бо раванди коркарди маъдан ва истеҳсоли тилло шинос шуданд.Мавзеи Кумарғи боло дорои манзара, гулу гиёҳҳои шифобахш, обҳои мусаффо ва канданиҳои фоиданоки зиёд мебошад.Коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар масоҳати 45,2 гектар бунёд шуда, арзиши лоиҳавии он 4 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.Технологияи васлу насбшуда навтарин буда, истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки ҷавобгӯи стандарти замони муосир аст. Дар коргоҳ консентрати маъдан бо маҳлулҳои кимёӣ дар ду марҳила коркард шуда, тилло ва нуқраи холис истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол ба 4 тонна тилло ва 1 тонна нуқра баробар аст. Ҳоло дар коргоҳ 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошад.Консентрати маъдан аз конҳои “Кумарғи боло” ва “Дуобаи Шарқӣ” истихроҷ карда мешавад.Масоҳати умумии корхонаи истихроҷ ва истеҳсоли маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” 1200 гектарро ташкил медиҳад. Кони “Кумарғи боло” қариб 4 ҳазор метр ва “Дуобаи Шарқӣ“ 2300 метр аз сатҳи баҳр баланд мебошад.Барои истихроҷ ва коркарди маъдан дар кони “Кумарғи Боло” раванди мукаммали гидрометаллургӣ ҷорӣ буда, технологияи муосири рехтагарии автоматикиро васлу насб кардаанд.Таҷҳизоти замонавии истихроҷ ва коркарди маъдан пурра автоматӣ аст ва ҷараёни фаъолияти он тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад. Арзиши лоиҳавии корхона 180 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истихроҷ ва коркарди маъдани “Кумарғи Боло” соли 2017 оғоз гардида, дар баробари сохтмони иншоот ва васлу насби таҷҳизот, ҳамчунин дигар инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳ, хати барқ ва гармидиҳӣ таъмин карда шудааст. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ давоми 5 сол аз 200 то 500 нафар сокинони маҳаллӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба кор ҷалб шудаанд.Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истихроҷ ва коркарди маъдани “Кумарғи Боло” иқтидор дорад дар як шабонарӯз 3000 тонна ашёи хомро истихроҷ ва мавриди коркард қарор дода, аз он хока барои гирифтани тилло ва нуқра истеҳсол намояд. Раванди истеҳсоли маъдан дар панҷ марҳила — истихроҷ, майдакунӣ, обшӯйкунӣ, ҷудокунӣ ва гудохтан сурат мегирад.Намуди истихроҷи ашёи хом дар кони “Кумарғи Боло” рӯизаминӣ ва дар “Дуобаи Шарқӣ” зеризаминӣ мебошад. Захираи умумии кони “Кумарғи Боло” 51 тонна ва “Дуобаи Шарқӣ” 23,7 тонна, дар умум 74,7 тонна тилло мебошад.Дар кони “Дуобаи Шарқӣ”, ки аз 7 нақб иборат хоҳад буд кандани нақб, сохтмони корхонаи истихроҷу коркарди ашёи хом, бунёди роҳ ва инчунин дигар инфрасохтори зарурӣ идома дорад. То ба имрӯз 4 нақб бо дарозии 3 ҳазор метр канда шудааст. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 170 нафар ҷалб шудааст, ки қариб 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд. Тибқи нақша моҳи июни соли 2023 дар кони мазкур истихроҷи маъдан оғоз мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз истихроҷ ва коркарди 3000 тонна ашёи хом барои гирифтани тилло ва нуқра хоҳад буд.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аввалин сабикаи тилло, ки аз кони “Кумарғи Боло” истихроҷ ва истеҳсол гардидааст, тамғаи №001-ро гузоштанд. Ҳоло дар ширкати “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” 500 нафар сокини маҳаллӣ ва 120 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин доимӣ кор мекунанд. Дар сурати пурра фаъолият намудани ҷамъият беш аз 1200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат роҳбарият ва кормандони ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ”-ро ба истифодаи самараноки канданиҳои фоиданок ҳидоят намуда, риояи талаботи истихроҷ ва коркарди маъданро қатъӣ талаб карданд. Таъкид доштанд, ки дар сурати пурра риоя нагардидани талабот расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошташуда душвор мегардад.Сарвари давлат бунёд шудани чунин корхонаи азими саноатиро қадами устувор дар расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ карданд.Барои беҳдошти вазъи экологӣ дар мавзеъ коргоҳи ҳифзи муҳити зист фаъолият мекунад. Дар коргоҳ манораҳои чормарҳилаи тозакунӣ ва думарҳилаи ҷаббанда васлу насб гардидааст, ки бо истифода аз онҳо муҳити зист аз газҳои турш ҳифз карда мешавад. Обҳои партов бошад, дар зарфҳои махсус, бо истифода аз манораи семарҳилаи ҷаббанда ва таҷҳизоти полоишӣ безарар карда мешаванд.Аз рӯи нақша оянда дар ин мавзеъ коргоҳи флотатсионӣ, биноҳои маъмурӣ ва хобгоҳ низ барои кормандон бунёд карда мешавад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми кор, инчунин ҷараёни истихроҷ ва коркарди маъдан дар ширкати ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” баҳои баланд доданд. Масъулонро муваззаф намуданд, ки корҳои боқимондаро дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонида, ҳаҷми истеҳсолотро зиёд ва шумораи бештари шаҳрвандонро ба кори доимӣ ҷалб намоянд.