Санаи 11 апрели соли ҷори мулоқоти муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии раиси Ассотсиатсияи дўстии Ҷумҳурии Корея бо давлатҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рён баргузор гардид. Дар ин бора шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад.
Дар доираи вохўрии мазкур дурнамои ҳамкориҳои минбаъда ва дарёфти нави самтҳои ояндадори ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд. Қайд гардид, ки Вазорати кишоварзии барои ҷалби таҷриба ва инноватсияи Ҷумҳурии Корея дар соҳаҳои обёрии қатрагӣ, гармхонаҳои типи кореягӣ, смарт фермаҳо, рақамикононии соҳаҳои чорводорӣ, растанипарварӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи кишоварзии кишвар аз таҷрибаи Ҷумҳурии Корея ва табодули донишҷуён омода мебошад.
Ҷониби намояндагони Ҷумҳурии Корея барои дар доираи лоиҳаҳои ҳаракати «Семаул Ундон» дастгирӣ намудани соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагиро иброз намуданд.
Барои амалӣ гардонидани ташаббусҳои мазкур ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи дўстии Ҷумҳурии Корея бо давлатҳои Осиёи Марказиро ба имзо расонанд.
Дар маҷмўъ мулоқоти мазкур дар фазои дўстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.