Оҷонсии зидди фасод хабар медиҳад, ки сардори шуъбаи бақайдгирии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Варзоб Б.Б бо гумони 4200 сомонӣ пора талаб кардан боздошт шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсии зидди фасод, дастгиршуда дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани иқтибос ва варақаи бақайдгирӣ аз феҳрасти ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ба манзили истиқоматии падараш, инчунин мусоидат намудан баҳри иваз намудани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ пора талаб кардааст.
Гуфта мешавад, ӯ бар ивази кораш аз корафтода 4200 сомониро талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 2700 сомониашро гирифта, боз оварда додани боқимонда, 1500 сомонии дигарро талаб намуд.
“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Б. Б. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 1500 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд”, – афзуд манбаъ.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда бо моддаи 319, қисми 1, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷарима ба андозаи 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати 5 соли зиндон бидуни ҳуқуқи ишғоли мақомҳои муайян то 5 солро пешбинӣ кардааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон 64 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин чунин боздошт набуда, моҳи март низ мақомот бо чунин иттиҳомот директори КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Вахш Ш. С.-ро дастгир карда буданд.