Бонки миллии Тоҷикистон боз ба як ташкилоти амонатии қарзии хурд иҷозатнома дод

Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Тамвил» барои фаъолияти оператори низоми пардохтии  «Атласпэй» бо роҳи  тамдид ба муҳлати 5  сол иҷозатнома дод. Дар ин бора дафтари матбуотии ин ниҳод хабар дод.

Гуфта мешавад, ки тасмими мазкур бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хидматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома дар бораи хусусияти иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият гирифта шудааст.

Мутобиқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ «Тамвил» барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ аз 3 апрели соли 2019 аз эътибор соқит дониста мешавад.

Дар иртибот ба ин ҶДММ ТАҚҲ “Тамвил” вазифадор шудааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.