Бошгоҳи «Истиқлол» ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Қаҳрамони Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки рӯзи 8-уми апрел дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 ширкат мекунад, ба Арабистони Саудӣ сафар кард.

Дар ин бора бошгоҳи «Истиқлол»-и пойтахт дар саҳифаи расмиаш хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати футболбозони ин даста бо хатсайри Душанбе – Дубай – Риёз ба Арабистони Саудӣ расид.

Бояд гуфт, ки «Истиқлол» барои ширкат дар сабқати гурӯҳии бонуфузтарин мусобиқаи бошгоҳҳои Осиё, 20 бозигарро номнавис карда буд.

Сорбон Амонуллозода,
Радиои «Тоҷикистон»