Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар маълум гардид

Шоми 1-уми апрел дар шаҳри Давҳаи Қатар қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, ки аз 21 ноябр то 18 декабр дар ин кишвар баргузор мегардад, сурат гирифт.

Бар асоси қуръакашӣ, дастаҳо ба гурӯҳҳои зерин тақсим шуданд:

Гурӯҳи «А»: Қатар, Эквадор, Сенегал, Нидерландия.

Гурӯҳи «В»: Англия, Эрон, ИМА, Шотландия/Украина/Уэлс ғолиби ин ҷуфт.

Гурӯҳи «C»: Аргентина, Арабистони Саудӣ, Мексика, Полша

Гурӯҳи «D’: Фаронса, Перу – Австралия/ ОАЭ, Дания, Тунис.

Гурӯҳи «Е»: Испания, ғолиби ҷуфти Коста-Рика – Зеландияи Нав, Олмон, Ҷопон

Гурӯҳи «F»: Белгия, Канада, Марокко, Хорватия.

Гурӯҳи «G»: Бразиля, Сербия, Швейтсария, Камерун.

Гурӯҳи «H»: Португалия, Гана, Уругвай, Кореяи Ҷанубӣ.

Гуфта мешавад, дар бозии ифтитоҳии мусобиқа тими миллии Сенегал бо тими Нидерландия вомехӯрад. Вохӯрӣ 21 ноябр баргузор шуда, соати 15:00 оғоз мешавад.

Баргузории бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ аз 21 ноябр то 2 декабр, 1/8 финал аз 3 то 6 декабр, 1/4 финал 9-10 декабр, 1/2 финал 13 ва 14 декабр, бозӣ барои ҷои 3-юм 17 декабр, финал 18 декабр пешбинӣ шудааст.

Сорбон Амонуллозода,

Радиои “Тоҷикистон”