Дар рӯзи дуюми мусобиқаи гӯштини ҷудои GRAND SLAM ANTALYA-2022, ки дар Туркия ҷараён дорад,Тоҷикистонро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг муаррифӣ намуд.
Сомон дар даври аввал озод буд ва рақобатро аз даври дуюм оғоз кард. Дар даври дуюм Маҳмадбеков аз варзишгари Бразилия – Даниэл Гаргнин бо дарёфти се огоҳӣ “шидо” шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ, мусобиқаи GRAND SLAM ANTALYA-2022 барои Сомон Маҳмадбеков бенатиҷа ба поён расид.
Дар рӯзи охири мусобиқа чор паҳлавони дигари тоҷик – Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён (ҳарду дар вазни -90кг), Абубакри Акобир дар вазни -100кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100кг вориди майдони рақобат мешаванд.
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”