Дирӯз 31 март нишасти сеюми вазирони ҳамсоякишварҳои Афғонистон дар шаҳри Тунсии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлия Музаффар Ашӯриён ширкат намуд. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” хабар медиҳад.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон зимни суханронӣ манфиатҳои муштаракро ба барқароршавии Афғонистон ҳамчун давлати аз нигоҳи сиёсӣ устувор, сулҳҷӯ ва рушдёбанда, ки ба ҳуқуқу озодиҳои бунёдии инсон эҳтиром гузошта, аз терроризм ва ҷиноятҳои маводи мухаддир бошад, зикр кард.
Ҷониби Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки мардуми Афғонистон бо тамоми гуногунии этникӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ бояд дар муайян кардани ояндаи кишвари худ ҷалб карда шавад.
«Ташаккули ҳукумати ҳамашумул тавассути интихобот ва бо иштироки тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ, этникӣ ва иҷтимоӣ, инчунин таъмини ҳуқуқи инсон шарти бунёдии ба эътидол овардани вазъият ва ҳалли мушкилоти амниятӣ дар Афғонистон мебошад. Тоҷикистон чун ҳамсояи наздик ҳамеша аз ҳалли фарогир ва мусолиматомези мушкилоти Афғонистон ҷоибдорӣ кардааст», — афзуд роҳбари ҳайати Тоҷикистон.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки Тоҷикистон борҳо зарурати ироаи кумакҳои башардӯстонаи ҳамаҷониба ба мардуми азияткашидаи Афғонистонро аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид кардааст.
Дар ин робита зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар марз бо Афғонистонро барои интиқоли борҳои башардӯстона аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ба Афғонистон фароҳам оварда, илова бар ин, интиқоли неруи барқро ба ин кишвар идома медиҳад.
«Мо омодаем минбаъд низ ба ин раванд ҳамаҷониба мусоидат намоем, то заминаҳои зарурӣ барои истиқрори сулҳу субот, амният ва эҳёи иҷтимоию иқтисодии онро дар сарзамини азияткашидаи Афғонистон фароҳам оварем», — илова намуд М.Ашӯриён.
Дар фарҷом Изҳороти муштараки нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии ҳамсоякишварҳои Афғонистон ва Ташаббуси Тунси барои дастгирии эҳёи иқтисод дар Афғонистон қабул шуданд.
Дар Изҳороти муштарак дар баробари пешниҳодҳои дигари Тоҷикистон ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон дарҷ гардид.
Пас аз нишаст мулоқоти дуҷонибаи М. Ашӯриён бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И баргузор шуд, ки дар рафти он масъалаҳои муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.