Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ фаъол гардид

Шабакаи нави телевизионии “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” имрӯз, 1 апрел ба кор оғоз намуд.

Маросими расмии шурӯи кори ин шакаба бо ҳузури ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷуразода, Раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид ва дигар намояндаҳои сохторҳои давлативу фарҳангӣ сурат гирифт.

Шабакаи телевизионии “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дорои дастгоҳу таҷҳизоти хушсифати кишварҳои Аврупо буда, дақиқияти баланди пахши навору садоро дорад.

Шабака дар бинои собиқи Пажӯҳишгоҳи давлатии илмӣ-тадқиқотии саноати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст. Муассиса аз 3 ошёна иборат буда, дорои беш аз 40 утоқи корӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки шабакаи телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2021, №272 таъсис дода шудааст.