Раиси Раёсати ҷамъияти “Матлубот”-и шаҳри Кӯлоб Р. А. барои вобаста намудани нуқтаи савдо аз як нафар 27 ҳазор сомонӣ пора талаб намудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Оҷонсии зиддифасод хабар дод.
Манбаъ мегӯяд, номбурда дар пайи муроҷиати шаҳрванд “А” дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, раҳбари “Тоҷикматлубот” дар ду ҳолат аз корафтода маблағи 27 000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 10 000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда 17 000 сомониашро талаб намуд.
“Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ –тафтишотӣ Раҳимова М.У. ҳангоми аз шаҳрвад “А” гирифтани маблағи 17000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифа шуд”, – афзудааст манбаъ.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати Р. М. бо моддаи 279 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.
Бар асоси ин банди қонун агар гуноҳи боздоштшуда собит шавад, ӯро аз 51 то 96 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то 3 сол ҳабс интизор аст.