Президенти Кумитаи олимпии Индонезия, ноиби Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Раҷа Сапта Октоҳарӣ, ки барои иштирок дар мусобиқаи велосипедронии Чемпионати Осиё дар шоҳроҳ ба Тоҷикистон омадааст, ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров бо Президенти Кумитаи олимпии Индонезия Раҷа Сапта Октоҳарӣ масъалаҳои рушди ҳамкории тарафайнро баррасӣ намуданд.
Раҷа Сапта Октоҳарӣ аз он ки Тоҷикистон мусобиқаи велосипедронии Чемпионати Осиё дар шоҳроҳро мизбонӣ мекунад, изҳори хушҳолӣ намуда, ба Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён кард.
Дилшод Назаров зимни суҳбат гуфт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус доранд ва чанд соли охир иншооти варзишии сатҳи байналмилалӣ ба истифода дода шуданд. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон бори аввал мусобиқаи велосипедронии Чемпионати Осиё дар шоҳроҳро мизбонӣ кунад.
Ҷонибҳо барои дар фурсати наздиктарин ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум ба мувофиқа расиданд.
Зикр мегардад, ки пас аз мулоқот Президенти Кумитаи олимпии Индонезия Раҷа Сапта Октоҳарӣ ва ҳамроҳонаш Осорхонаи “Шарафи олимпӣ”-и КМО Тоҷикистонро тамошо карда, бо дастовардҳои варзишгарони тоҷик шинос шуданд.