Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо содир намудани фармону амрҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло аз вазифаи муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Насимҷон Раҷабзода ба ин вазифа таъйин гардид.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло Сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, Бадриддин Мирзозода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин вазифа озод карда шуд.
Нуриддин Нурализода Директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нодир Мирзоён — муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Авазхон Зайнудин Сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Зимни суҳбат Сардори давлат аз вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид карданд, ки дар чунин шароити барои тамоми кишварҳои дунё ҳассосу печида ва пешгӯинашаванда ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ бояд бо ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ хизмат намояд. Барои пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, пурзур намудани назорат ва роҳ надодан ба қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ва молу маҳсулоти пастсифат тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, танҳо масъулият ва ҳушёриву зиракии ҳар як сарҳадбон метавонад кишвари моро аз хавфу хатарҳои ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ