Рӯзи 24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъули Вазорати корҳои дохилӣ таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва сохторҳои марказии Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъйин гардиданд.
Зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.
«Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед» — иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми мулоқот.