Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко ба Душанбе омад

Нимаи дуюми 24 феврал Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар ин бора Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

Дар ин сафар Валентина Матвиенкоро муовинони ӯ, раисон ва аъзои кумитаҳои Шӯрои Федератсия, кормандони масъули Дастгоҳи Шӯрои Федератсия, муовини якуми вазири маориф, губернаторони вилоятҳои Самара, Кострома, Челябинск, Курган ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.