Рақибони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 муайян гардид

Бино ба қуръакашии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки имрӯз дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпур (Малайзия) баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бозӣ мекунад.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи қуръакашӣ 6 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ таъсис ёфт. Мунтахаби Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо Қирғизистон, Мянма ва Сингапур бозӣ мекунад.

Гуфта мешавад, бозиҳои гурӯҳи мо дар шакли мутамарказ дар як давр — рӯзҳои 8-ум, 11-ум ва 14-уми июн дар Бишкек баргузор мегарданд.

Бояд гуфт, ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 11 даста, 6 ғолиби гурӯҳ ва ҳамчунин 5 дастае, ки бо натиҷаҳои беҳтарин дар ҷойи дувум қарор гирифтанд, роҳхат мегиранд.

Натиҷаҳои қуръакашии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2023:

Гурӯҳи «А»: Урдун, Қувайт (мизбон), Индонезия, Непал.

Гурӯҳи «В»: Фаластин, Филиппин, Яман, Муғулистон (мизбон).

Гурӯҳи «C»: Ӯзбекистон (мизбон), Тайланд, Малдив, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «D»: Ҳиндустон (мизбон), Ҳонконг, Афғонистон, Камбоҷа.

Гурӯҳи «Е»: Баҳрайн, Туркманистон, Малайзия (мизбон), Бангладеш.

Гурӯҳи F: Қирғизистон (мизбон), Тоҷикистон, Мянмар, Сингапур.

Сорбон Амонуллозода,

Радиои «Тоҷикистон»