Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати Парлумони Аврупо таҳти роҳбарии раиси Кумитаи корҳои байналмилалии Парлумони Аврупо Дэвид Макаллистер қарор доранд, мулоқот намуд.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад. дар вохӯрӣ мавзӯоти муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла ҳамкории байнипарлумонӣ, вазъ дар минтақа ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 8 феврал Сафири Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода дар Брюссел бо Раиси Кумитаи равобити байналмилалии Парлумони Аврупо Дэвид Макаллистер мулоқот намуда буд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъ ва дурнамои равобити Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро, аз ҷумла дар бахши умури парлумонӣ баррасӣ намуда, ният ва нақшаҳои хешро ҷиҳати рушду густариши онҳо иброз доштанд. Қисмате аз мусоҳиба ба мавзӯъҳои минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва марзи ду кишвар рабт дошт. Мусоҳибон дар масъалаи зарурати ҳалли масоили баррасишуда ба нафъи сулҳу суботи минтақа ва рушду инкишофи кишварҳои он ҳамфикр буданд.