Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз омодагиҳои Тоҷикистону Нидерланд барои баргузории Конфронси оби СММ, ки таҳти раисии ин кишвар доир мегардад, хабар дод.
Ба иттилои ВКХ 3 феврали 2022 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Нидерланд дар Тоҷикистон Андре Карстенс баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Нидерланд дар заминаҳои гуногун, натиҷаи ҷаласаҳои Гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) дар Душанбе, аҳаммияти танзими нишастҳои навбатии абзорҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар карданд.
Ҳамзамон татбиқи иқдомҳои муштарак ба ифтихори 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд, инчунин таъмини иштироки ҳайати он кишвар дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (Душанбе, 6-9 июни 2022) зикр гардид.