Ба иттилои Федератсия ҷудои Тоҷикистон рӯзҳои 5-6 феврал мусобиқаи бонуфузи PARIS GRAND SLAM 2022 баргузор мегардад.
Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ягона варзишгар Комроншоҳи Устопирён дар вазни -90 кг намояндагӣ мекунад.
Лозим ба ёдоварист, ки Комроншоҳ якчанд рӯз қабл дар мусобиқаи GRAND PRIX PORTUGAL 2022, ки рӯзҳои 28-30 январ баргузор гардид, ҳунари воло нишон дод ва медали биринҷӣ ба даст овард.
Сорбон Амонуллозода
Радиои «Тоҷикистон»