Имрӯз, 4-феврал маросими ифтитоҳи бозиҳои замистонаи олимпӣ, дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор мегардад.
Зимистони имсола тамоми дустдорони варзиш воқеаи калон — Олимпиадаи сафедро, ки дар Хитой барпо мегардад, интизоранд. Варзишгарони тоҷик натавонистанд роҳхати ширкат дар бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022-ро ба даст биёранд.
Ҳамин тариқ, маросими ифтитоҳи мусобиқа бидуни лижаронҳои тоҷик баргузор мешавад ва касе парчамбардор нахоҳад буд.