Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз воридшавии боз 152 ҳазору 100 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ба кишвар хабар дод.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии кишвар, дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 152 ҳазору 100 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ворид гардид.
Тавре манбаъ иттилоъ додааст, барои ҳоло дар кишвар ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 миёни шаҳрвандони мамлакат идома дорад.
Дар кишвар бар зидди коронавирус ваксинаҳои “Sputnik V”, “AstraZeneca”, “CoronaVac”, “Moderna2 ва “Pfizer” истифода мешавад.
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки то 20 январи соли равон беш аз 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар, яъне 75,6 фоиз шаҳрвандони мамлакат бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 моякӯбӣ шудаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3 миллиону 636 ҳазору 802 нафар шаҳрвандон, ки 63,1 фоизро дар бар мегирад, гирифтаанд.
Вазорати тандурустӣ илова кардааст, ки сокинони кишвар бо масъулияти баланд барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зист омада ваксина мегиранд.