Раҳим Санъат: Сабаби ҳодисаҳои нохуш ин бемасъулиятии муҳандисони техникӣ мебошад


Роҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон Раҳим Санъат Асо зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти як солаи Хадамот дар ҳузури рӯзноманигорон изҳор дошт, ки дар корхонаву иншоотҳои зериназоратии Хадамот дар соли 2021 ҳамагӣ 39 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 24 нафар ҳалок ва 45 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Ҳамзамон номбурда қайд намуд, ки дар корхонаҳои зериназоратии Хадамот дар соли 2021 шумораи ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли 2020 – 8 адад зиёд гардида, шумораи шахсони фавтида ба 16 нафар ва шумораи шахсони ҷароҳатбардошта 12 нафар зиёд гардидааст.
“Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятӣ ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахасисони соҳавӣ мебошад” – зикр намуд Раҳим Санъат.

Баҳруллои Муҳаммадшариф

Радиои “Тоҷикистон”