Теннисбози машҳури испанӣ Рафаэл Надал дар финали Australian Open 2022, силсилаи сабқатҳои “Тоскулоҳи бузург” пирӯзӣ ба даст овард.
Дар рақобати ниҳоӣ Australian Open 2022 Рафаэл Надали 35-сола, теннисбози Россия Даниил Медведеви 25-соларо бо ҳисоби (3:2) – 2:6, 6:7, 6:4, 6:4 ва 7:5 мағлуб намуд. Қобили зикр аст, ки дар ду сети аввал Медведев 6:2, 7:6 пешсаф буд. Лекин аз оғози сети сеюм Надал ба теннисбози рус фишор оварда, дар се сети боқимонда ғолиб омад ва маротибаи 21-ум ҷоизаи “Тоскулоҳи бузург”-ро дар корномааш ба даст овард.
Бозии финалӣ, қариб 5 соату 30-дақиқаро ташкил дод. Дар ин сабқат ракеткаи испанӣ 3-эйс анҷом доду ба 5-иштибоҳи дуболо роҳ ёфт ва аз 22 -брейк-пойнт 7-тояшро амалӣ кард. Дар ҳисоби Медведев бошад 23-эйс, 6-иштибоҳи дуболо ва 6-брейк-пойнти амалишуда ба қайд гирифта шуд.
Барои ба финал роҳ ёфтан, Рафаэл Надали дастон Маркус Гирон, Янник Ханфман, Карен Хачанов, Адриан Маннарино, Денис Шаповалов ва Маттео Берреттиниро дучори шикаст намуд.
Даниил Медведеви рус бошад то расидан ба финали ин мусобиқот Генри Лааксонен, Ник Кирйос, Ботик ван де Зансхулп, Максим Кресси, Фелик Ожйе Аляссим, Стефанос Ситсипасро шикаст дод ва дар финал аз Рафаэл Надали нотакрор шикаст хӯрд.
Бояд зикр намуд, ки пас аз ин пирӯзӣ Рафаэл Надал аз рӯи шумораи ҷоизаҳои “Тоскулоҳи бузург” аз Новак Ҷоковичу Роҷер Федерер пеш гузашт. Қабл аз ин ғолибият шумораи ба даст овардаи ҷоизаҳои ин нобиғаҳо дар “Тоскулоҳи бузург” 20-ададро ташкил медод. Ҳамин тариқ теннисбози испанӣ маротибаи 21-ум ҷоизаи мазкурро ба даст овард ва рекорди нав гузошт.