ҶОМИ ФФТ-2022 ДАР МИНТАҚАИ ДУШАНБЕ ОҒОЗ МЕШАВАД

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 30-январ, бозии Ҷоми ФФТ-2022 дар минтақаи Душанбе оғоз мешавад.

Чун анъана Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ду марҳила – марҳилаи пешакӣ ва ниҳоӣ баргузор мегардад. Дар марҳилаи пешакӣ дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон бозиҳо баргузор мешавад.

Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2022 дар минтақаи Душанбе 9-даста ширкат мекунанд, ки аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи «А» — «ССКА», «Кӯктош», «Истиқлол», «Ваҳдат» ва «Шоҳмансур» шомиланд. Гурӯҳи «В» бошад аз дастаҳои «Душанбе», «Регар-ТадАЗ», тими ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва «Файзканд» иборат аст.

Пас аз ҷамъбасти даври гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2022, ки моҳи феврал дар Душанбе баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Ҷоми ФФТ-2022
Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе
Гурӯҳи «А»: «ССКА», «Кӯктош», «Истиқлол», «Ваҳдат», «Шоҳмансур».

Гурӯҳи «В»: «Душанбе», «Регар-ТадАЗ», мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), «Файзканд».

Даври 1-ум
30-январ (якшанбе)
Гурӯҳи «А»
Соати 10:00 «Куктош» — «Шохмансур». Шаҳри Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Соати 14:00 «Истиқлол» — «Вахдат». ШаҳриДушанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Гурӯҳи «В»
Соати 10:00 «Душанбе» — «Файзканд». Шаҳри Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Соати 14:00 «Регар-ТадАЗ» — Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-19).
Шаҳри Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 2-юм
2-феврал (чоршанбе)
Гурӯҳи «А»
Соати 10:00 «Шохмансур» — «Истиқлол». Шаҳри Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Соати 14:00 «ССКА» — «Куктош».
Шаҳри Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Гурӯҳи «В»
Соати 10:00 «Файзканд» — дастаи чавонони Точикистон (U-19).
Шаҳри Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Соати 14:00 «Душанбе» — «Регар-ТадАЗ». Шаҳри Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 3-юм
5-феврал (шанбе)
Гурӯҳи «А»
Соати 10:00 «ВАХДАТ» — «Шохмансур». Шаҳри Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Соати 14:00 «Истиқлол» — «ССКА».
Шаҳри Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Гурӯҳи «В»
Соати 10:00 «Регар-ТадАЗ» — «Файзканд». Шаҳри Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Соати 14:00 Дастаи чавонони Точикистон (U-19) — «Душанбе».
Шаҳри Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 4-ум
8-феврал (сешанбе)
Гурӯҳи «А»
Соати 10:00 «ССКА» — «Вахдат».
Шаҳри Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Соати 14:00 «Куктош» — «Истиқлол».
Шаҳри Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 5-ум
11-феврал (ҷумъа)
Гурӯҳи «А»
Соати 10:00 «Шохмансур» — «ССКА».
Шаҳри Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Соати 14:00 «ВАХДАТ» — «Куктош».
Шаҳри Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ.

                   Сорбон Амонуллозода