Акс аз сомонаи http://sugd.tj/
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд сохтмони коргоҳи истеҳсоли кислород дар беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ шуруъ шуда, ҳамзамон корҳои таъмиру азнавсозии шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози занони ҳомила дар ин беморхона ҷараён дорад.
Ба иттилои манбаъ, шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳия бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст. Шуъбаи амрози занони ҳомила бошад, ки аз 5 ҳуҷра ва 15 кати табобатӣ иборат аст, дар тӯли фаъолият нахустин бор аст, ки таъмиру азнавсозӣ мешавад. Соҳибкорони маҳаллӣ иқдом гирифтанд, ки дару тирезаҳои шуъбаи мазкурро бо дару тирезаҳои пластикӣ иваз намуда, ҳуҷраҳои табобатии онро рангубор намоянд.
Бунёди коргоҳи истеҳсоли кислород дар назди Беморхонаи марказии ноҳияро як гом муҳим мешуморанд, зеро дар авҷи гирудорҳои пандемия норосоии кислород дар беморхона мушкилиҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд. Ин мушкил дар дигар манотиқи кишвар ҳам эҳсос шуд. Ба ин хотир бо дастгирии мақомоти иҷроияи ноҳияи Мастҷоҳ сохтмони ин коргоҳ оғоз гардида, таҳкурсии бино сохта шудааст. Коргоҳи мазкур барои 18 нуқтаи кислородтаъминкунии шуъбаҳои амалиётҳо, эҳё ва таваллудхона, инчунин дигар муассисаҳои табобатии ҷамоату шаҳракҳои деҳот нигаронида шудааст. Бо баробари бунёди ин коргоҳ мушкилоти норасоии кислород дар ноҳия аз байн хоҳад рафт.
Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ соли 1964 бунёд гардида, дорои 275 кати табобатӣ ва 12 шуъбаи муоинавию муолиҷавӣ мебошад.