Мушкилоти ҳамлу нақл тариқи Туркманистон ҳал хоҳад шуд

Палатаи поёнии парлумони кишвар Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти оҳанро баррасӣ намуд.

Дафтари матбуотии парлумони Тоҷикистон хабар додааст, ки Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи дастгоҳи палатаи поёнӣ пазируфтани ин санадро муҳим ва зарурӣ арзёбӣ карданд.

Ин дар ҳолест, ки чанд соли охир барои воридоту содироти молу маҳсулот тариқи Туркманистон дар ин самт як қатор мушкилот вуҷуд дошт.

Хабаргузории “Ховар” бо нақли қавл аз Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон навиштааст, ки дар сурати тасдиқ гардидани ин созишнома гардиши молу маҳсулот миёни ҳарду кишвар ва кишварҳои Аврупо бо истифода аз роҳҳои оҳани транзитӣ ва обии Туркманбошии Туркманистон тавассути баҳри Хазар (Каспий) афзоиш хоҳад ёфт.