Рӯзҳои 28-30-юми январи соли равон дар шаҳри Алмадаи Португалия мусобиқаи Grand Prix Portugal 2022 баргузор мешавад.
Дар соли 2022 ин нахустин мусобиқаи Федератсияи ҷудои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар назар аст, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-73 кг) муаррифӣ намоянд. Барои ширкат дар ин мусобиқа 46-кишвар дархост пешниҳод кардааст. Дар маҷмӯъ дар мубориза барои медалҳо беш аз 400-варзишгар аз рӯи 14-вазн ширкат мекунанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар мавсими гузашта ҷудочиёни тоҷик натиҷаҳои хуб нишон дода тавонистанд. Ба ин тартиб, Темур Раҳимов барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Бишкек, медали нуқраи мусобиқоти бонуфузи GRAND SLAM BAKU 2021, медали биринҷии мусобиқоти GRAND SLAM ABU DHABI 2021 гардида буд.
Сомон Маҳмадбеков низ дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё медали нуқра ба даст оварда, Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи чемпионати Осиё дар Бишкек мақоми сеюм ва дар Grand Slam Abu Dhabi 2021 низ мақоми дуюмро касб карданд.
Дар баробари инҳо Ҷаҳонгир Маҷидов ҳам тавонист, дар GRAND SLAM ABU DHABI 2021 ҳунари воло нишон дода, медали биринҷиро ба даст биёрад.
Сорбон Амонуллозода
Радиои “Тоҷикистон”