Тими ҷавонони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия бо Булғористон, Мексика ва Краснодар бозӣ хоҳад кард.
Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 4 бозӣ баргузор мекунад.
Имрӯз, 24 январ дастаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Булғористон бозии санҷишӣ мегузаронанд. Дар бозии дуюм, рӯзи шанбеи 29-уми январ, шогирдони Зайниддин Раҳимов бо Академияи Краснодар (U-17) рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Рӯзи 31 январ ҷавонони Тоҷикистон бо тими Булғористон бозии дувуми дӯстона анҷом медиҳанд. Дар рақобати ниҳоӣ дастаи мо дар ҷамъомади тамринӣ дар Анталия бо мунтахаби Мексика рақобат хоҳад кард. Дидори дастаҳо рӯзи 3 феврал баргузор мешавад.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия ба шаҳри Минск рафта, дар он ҷо дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки аз 5 то 14 феврал дар шаҳри Минск баргузор мегардад, ширкат меварзад.
Бозиҳои назоратии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:
24 январ (душанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Булғористон (U-16)
29-январ (шанбе)
Тоҷикистон(U-16) – Академияи Краснодар (U-17)
31-январ (душанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Булғористон (U-16)
3 феврал (панҷшанбе)
Тоҷикистон (U-16) – Мексика (U-16)
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”