Тоҷикистону Олмон масъалаи амалӣ намудани иқтисоди сабзро баррасӣ намуданд

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер мулоқоти корӣ анҷом дод, ки дар он асосан масъалаи амалӣ намудани иқтисоди рақамӣ ва сабз дар Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Тавре дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои ҷалби грантҳо барои рушди минтақаҳо, инфрасохтор ва коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба кишварро муҳокима карданд.

Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Гуфта мешавад, дар анҷом мусоҳибон омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор намуданд.