Аз соҳибкорони Ванҷ хоста шуд, то дар ободонии ноҳия саҳм гузоранд

Аз соҳибкорони Ванҷ даъват ба амал оварданд, ки дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳми муносиб гузоранд.

Ин нукта дар мизи гирди Кумитаи рушди сайёҳии кишвар садо додааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар ҳамоиш раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода, соҳибкорони муваффақ ва фаъоли ноҳияи Ванҷ иштирок доштаанд.

Ҳадаф аз гирд овардани соҳибкорони ноҳияи Ванҷ тақвияти раванди омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва татбиқи босамари ташаббуси Пешвои миллат вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» тавассути бунёду роҳандозии корҳои ободонӣ, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз қабили боғчаҳои томактабӣ, мактабҳо, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ ва корхонаҳои саноатию агросаноатӣ гуфта мешавад.

Зикр мегардад, ки айни замон сокинони ноҳияи Ванҷ ба меҳмонхонаву ошхонаҳо, марказҳои хидматрасонӣ, боғчаҳо, марказҳои фароғатӣ, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, ҳаммом ва бунгоҳҳои тиббӣ ниёзи бештар доранд ва соҳибкорон имкон доранд бо корҳои бунёдӣ дар ин самт ташаббускор бошанд.