Боздошти ҷавоне бо иттиҳоми шикастани терминал

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як ҷавони 20-сола хабар додааст.

Кормандони милитсия дар ноҳияи Леваканд як нафар сокини ноҳияи Кӯшониёнро бо гумони даст доштан дар шикастани сенсори терминали пардохтӣ боздошт намудааст.

ВКД Тоҷикистон мегӯяд, ҳодиса шаби 6 ба 7-уми январи соли 2022 рух дода, муттаҳам бо роҳи пинҳонӣ бо мақсади ба даст овардани маблағҳои пардохтшуда, сенсори терминали пардохтиро шикастааст. Вале маблағи пулиро дуздида натавониста, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Манбаъ меафзояд, ки зарари расонидашуда 8 ҳазору 438 сомониро ташкил медиҳад.