Равуо дар роҳи Душанбе – Чаноқ барқарор шуд

Ширкати IRS масъули  нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ – аз барқарор шудани равуои яксамта дар ин ҷода хабар додааст.

Тавре ширкати IRS хабар медиҳад, равуои яксамта дар роҳи Душанбе – Чаноқ бо фосилаи 2 соат аз ҳар ду ҷониб оғоз гардид.

Ширкат мегӯяд, феълан вазъ нисбатан муътадил мебошад, аммо соатҳои наздик метавонад, роҳ боз масдуд шавад.

“Бориши барф хеле пуршиддат буда, бо мақсади таъмини бехатарии шаҳрвандон ва пурра бартараф намудани оқибатҳои тармафароӣ шояд аз соати 17:00 ҳаракати нақлиёт боз маҳдуд гардад”, – омадааст дар иттилоия.

Феълан вазъ дар минтақаи километри 48 ва 73-юми роҳи Душанбе – Чаноқ нисбатан мураккаб арзёбӣ мегардад, ки бориши барф ва тармафароӣ зиёд мебошад. Барқарории равуо дар ҳолест, ки аз соати 05:00 ба вақти маҳаллӣ ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ масдуд шуда буд.