Саркотиби Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш канслери собиқи Олмон – Ангела Меркелро ба кор дар ин созмон даъват кардааст.
Бино ба гузориши расонаҳо, Гутерриш ба Меркел роҳбарӣ ба Шӯрои олидараҷаи маслиҳатӣ бобати фаровонҳолии ҷомеаи ҷаҳониро пешниҳод намудааст.
Дар бораи ҷавоби Ангела Меркел ба таклифи Гутерриш маълумоте нест.
Шӯрои олидараҷаи маслиҳатӣ бобати фаровонҳолии ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз лоиҳаҳои асосии Гутерриш дар муддати дувуми саркотибии ӯ барои ислоҳи СММ мебошад.