Камбуди мутахассисони соҳаи хидматрасонӣ яке аз мушкилоти асосии сайёҳии кишвар мебошад.
Дар ин бора Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии кишвар дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” иброз доштааст.
“Мо кӯшиш карда истодаем, ки барои омӯзиши хидматрасониҳо дар меҳмонхонаҳо, пешхидматҳо дар тарабхонаҳо, роҳбаладҳо барои муаррифии имконият курсҳои кӯтоҳмудат роҳандозӣ намоем. Зеро ҳар сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, бевосита бо хидматрасон рӯ ба рӯ мешавад ва дар шахсияти як нафар хидматрасон ба Тоҷикистон баҳо медиҳад”, – таъкид намудааст муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Ба гуфтаи Амирбекзода, сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, ба пиряхҳо, қуллаҳои сарбаланд, водиҳои сарсабзу хуррам, меваҳои шаҳдбор ва табиати зиндаи кишвар тавваҷҷуҳи зиёд доранд. Ӯ афзуд, сайёҳон бештар ба мавзеъҳои кӯҳистон, ба Бадахшон ва Зарафшон мераванд.
Ӯ илова намуд, ки бар асари бемории ҳамагири COVID-19 ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар коҳиш ёфт. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Амирбекзода, кумита ба рушд додани самти сайёҳии дохилӣ аҳамият дод.
“Соли 2021 мо сайёҳони дохилиамонро ба хатсайрҳо ба манотиқи Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Зарафшон ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, минтақаи Рашт ва сойири шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷалб намудем”, – афзудааст номбурда.
Таъсиси хатсайрҳои дохилии Тоҷикистон, муаррифии имконияти табии таърихӣ ва фарҳангии кишвар ба сокинон, ташкили ширкатҳои сайёҳӣ аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи мақомоти салоҳиятдори рушди сайёҳӣ дар соли 2021 мебошад, иброз доштааст Ҳабибулло Амирбекзода.