18 январ дар Анқара вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулуси Акар доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишварро дар самти мудофиа мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба вазъи минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд», таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.
Бояд зикр намуд, ки имсол ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия 30 сол пур мешавад. Сафорати Ҷумҳурии Туркия моҳи марти 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1995 дар Анқара ифтитоҳ гардид. Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул соли 2011 ба кор шурӯъ намуд.
То ба имрӯз панҷ даври машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе ва Анқара доир шуданд.
Байни ду кишвар зиёда аз 65 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз беш аз даҳ нишасти Комиссия дар Душанбе ва Анқара баргузор гардидааст.
Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон нақши муҳим мебозад ва аз ҷониби ин Агентӣ дар Тоҷикистон даҳҳо лоиҳаҳо татбиқ шудаанд.